Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ» иваз карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии боғи “Дӯстии халкҳо” ҳусни оғоз бахшида буд. Маросими ифтитоҳи боғ баъди таъмиру навсозӣ рӯзҳои наздик дар назар аст.

Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 сохта шуда, дар майдони 30 гектар воқеъ аст. Дар ҷараёни корҳои таъмиру навсозӣ 41 ҳазор метри мураббаъ гулгаштҳои боғ обод ва 4,2 гектар майдони қаламрави он сабзу хуррам гардонида шуд. Дар майдони 2,3 гектари боғ чор майдони футболи хурд, майдон барои бозии кӯдакон ва ҳамчунин бинои маъмурии боғ бунёд гардид.

Қобили зикр аст, ки дар ин боғ бори аввал дар Душанбе дар майдони наздики 1 гектар ролледром сохта мешавад. Ҳамчунин толори бозиҳо компютерӣ ва фурӯшгоҳи сарулибоси варзишӣ низ ба истифода дода мешавад.

Ролледром аз ҳисоби воситаҳои соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои бунёди он ҳудуди 2 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар қаламрави боғ ҳамчунин амфитеатр бо 1,5 ҳазор ҷойи нишаст низ сохта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.