Бостоншиносони Тоҷикистон дар 85 километрии ҷануби шаҳри Душанбе (вилояти Хатлон) шаҳри қадимаро кашф карданд. Олимон онро ба замони подшоҳии Кӯшониён мансуб медонанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Мир24.

Шаҳраки қадима дар баландии кӯҳ дар канори деҳа воқеъ аст. Ба ақдиаи бостоншиносон, дар ин шаҳрак ду ҳазор сол пеш эҳтимол шахсони хеле доро зиндагӣ доштаанд.

Дар дохили шаҳрак саломхонаи подшоҳ дарёфт шудааст, ки бо тарзи махсус сохта шуда, бари деворҳо қариб ба се метр мерасад ва онҳо бо андова рӯйпӯш шудаанд.

Ғайр аз ин, бостоншиносон тангаҳоеро дарёфт намуданд, ки аз рӯи онҳо метавон тахмин кард, ки шаҳрак дар асрҳои 1-2 замони мо, яъне 2 - 1,8 ҳазор сол пеш вуҷуд доштааст. Ҳамчунин хумҳо – зарфҳои махсус барои нигаҳдории зироати ғалладона пайдо гардидааст, ки дар шакли хеле хуб то ин вақт маҳфуз мондааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.