АНОНС

- Дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Кунмин (Чин) мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бо тими мунтахаби Чин бозӣ мекунад;

- Дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозиҳои даври 18-ум баргузор мешаванд: «Ваҳдат» – «Равшан», «Саройкамар» – «Дӯстӣ», «Исфара» – «Зарафшон», «Душанбе-83» – «Шоҳин».

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4252 сомонӣ;

1 евро – 10.9191 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1380 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Таъсиси унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»

1934 – Дар Душанбе муассисаи бернуазмактабии Стансияи техникҳои ҷавон кушода шуд.

1940 – Сохтмони Шоҳроҳи Бзуруги Помир ба итмом расид.

1968 – Ифтитоҳи Даҳаи адабиёту фарҳанги ӯзбек дар Тоҷикистон.

1999 – Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.

2006 — Дар Душанбе Маркази илмӣ-тадқиқотии омӯзиши тоҷикони ҷаҳон ифитоҳ шуд.

2006 — Шумораи нахустини маҷаллаи давлатии сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» ба табъ расид.

2007 — Ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои ҷашнӣ баровард.

2011 — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои баландтарин дар шаҳри Душанбе – маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» ҳусни оғоз бахшид.

1934 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Набиҷон Ҳамидов.

1937-2004 – Мавлуди дипломат ва арбоби давлатӣ Ғарибшо Шаҳбозов.

1937 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Анвар Баротов.

1949 – Мавлуди журналист Олимҷон Ёрасенов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +15+20.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +26+31.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +29+31.