Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ шахсони сазоворро ба ҷоиза дар соли 2018 муайян кард.

Ҷоизаҳо ба се олими тоҷик – ситорашинос Светлана Герасименко, биолог Муҳиба Яқубова ва сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон тақдим карда мешаванд. Қарори Кумита бо қарори ҳукумат маъқул шуморида шудааст.

Ситорашиноси маъруфи замони шӯравӣ ва Тоҷикистон, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Светлана Герасименко барои кашфи кометаи нави кӯтоҳдаври Чурюмов-Герасименко, ки бо Сертификати Агентии кайҳонии Аврупо ва Шаҳодатномаи расмии Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ тасдиқ шудааст, бо ҷоиза дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника сарфароз гардонида мешавад.

Ҷоиза дар бахши илмҳои биологӣ, тиб ва кишоварзӣ ба Муҳиба Яқубова, доктори илмҳои биологӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон барои силсилаи корҳои илмӣ дар мавзӯи "Механизмҳои адаптатсионии фаъолияти системаҳои биологӣ" тақдим мегардад.

Дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон барои асарҳои илмии  “Муқаддамаи идеяи миллӣ” ва “Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ” бо ҷоиза қадрдонӣ мешавад.

Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ду сол як маротиба тақдим карда мешаванд. Маблағи ҳар кадоме аз ҷоизаҳо тақрибан ба 3,5 ҳазор доллар баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.