Бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар озмун ҳамаи хоҳишмандон, ошпазҳо ва соҳибкорон новобаста аз намуди кору фаъолият иштирок карда метавонанд.
Гуфта мешавад, барои иштирокчиёни беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим мешавад. Ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали Оши палав ва шириниҳои миллӣ аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” – 5 000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ(ҷойи дуюм), “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ, “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ, “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ, “Дастони моҳир” – 2000 сомонӣ ва “Ширавории миллии беҳтарин” – 5000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ (ҷойи дуюм), “Нишоллопази беҳтарин” 3000 сомонӣ, “Парвардапази беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Ҳалвопази беҳтарин” – 3000 сомонӣ, “Наботпази беҳтарин” – 3000 сомонӣ мукофотпулиҳо супорида мешавад.
Тафтиши парвандаи Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералӣ дар арафаи анҷомёбист
Парлумон ифтитоҳи гузаргоҳи навро дар марз бо Ӯзбекистон маъқул шуморид
“Ориён Инвест” ва “Узагротехсаноатхолдинг” трактор истеҳсол мекунанд
Туркманистон ба тарки мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламраваш иҷоза дод
Вохӯриҳои дӯстонаи мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб
Сабти ду заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи нуҳ дақиқа
Суғд: ҳукми 22 соли зиндон ба шаҳрванди Ӯзбекистон
Поин бурдани нарх, афзоиши ҳаҷм: рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон
Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво
Дар Тоҷикистон дарахтони бодом шукуфон гаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста