Имрӯзҳо дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи   тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 425 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил  карда  шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, тайи  7  моҳи  соли  равон дар кишвар  ба  33 ҳазору 144  нафар  кӯдакон амалиёти  хатна  ба  таври  ройгон  гузаронида  шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорат, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 203 ҳуҷра,  вилояти Суғд - 69 ҳуҷра, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 120 ҳуҷра, ВМКБ -  18 ҳуҷра ва дар шаҳри Душанбе -  15 чунин ҳуҷраҳои махсус амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳуҷраҳои зикргардида хизматрасонии табибон ва доруворӣ барои гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдак бепул аст.

Гуфта мешавад, иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» рӯи даст гирифта шудааст.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои воридшуда ба ин қонун моҳи августи соли гузашта, маросими хатна дар ҷумҳурӣ бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор бепул ва бо розигии волидон то рӯзи 20-уми баъди таваллуди тифл гузаронида шавад. Ҳамчунин ин маросим бояд танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни даъвати ҳунармандон сурат гирад.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуда буд, ки соли 2017 ҳамагӣ 18 ҳазор нафар кӯдакон хатна шуда, дар 6 моҳи соли 2018 зиёда аз 33 ҳазор нафар кӯдакон ба таври ройгон хатна карда шудаанд, ки аз ин шумора қариб 3000 нафар кӯдакони синни то 20-рӯза мебошанд.

“Ин ҳам дар ҳолест, ки дар як сол ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 106 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Аз ин шумора 55 ҳазор нафар писар буда, дар як сол ҳамагӣ 60 фоизи онҳо хатна карда мешаванд”, - иброз дошт Сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади аз сирояти ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ доштани кӯдакон ва ҳифзи саломативу вазъи рӯҳии онҳо, супориш дода мешавад, ки дар кишвар фаъолияти устоҳо ё табибони хатнакунанда пурра қатъ карда, амалиёти хатна танҳо дар муассисаҳои тиббӣ ва тавассути ҷарроҳони касбӣ анҷом дода шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.