Аз 15 то 17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегардад.

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соати 17:30 дар кинотеатри маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад.

Баъди анҷоми расми ифтитоҳ филми “Барон” намоиш дода мешавад, ки аз мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонқни маводи мхаддир ҳикоят мекунад.

Рӯзи 16 сентябр соати 10 дар кинотеатри “Зебуннисо” намоиши филми “Зурриёт” барпо мешавад. Дар филм аз зиндагии ҷавоне ҳикоят мешавад, ки аз деҳоти кӯҳистон ба шаҳр омада, дар ҳолатҳои гуногун бо ҳар гуна одамон шиносоӣ пайдо мекунад. Дар натиҷа ба хулосае мерасад, ки бо меҳнатқаринӣ, бовар ба худ ва муносибати некхоҳона нисбати рӯзгору одамон ба комёбиҳои назаррас дар зиндагӣ метавон ноил гардид.

Ғайр аз ин, ба тамошобинони тоҷик филмҳои коргардонҳои ӯзбек “Меросхӯр” (кинотеатри “Лоҳутӣ” дар шаҳри Бохтар) ва “Сабот” низ намоиш дода мешаванд.

Дар рӯзи охири чорабинӣ байни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии миллии “Ӯзбеккино” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.