Дар остонаи ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон танки маъруфи ИС-2-ро, ки ҳамчун ёдгорӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гузошта шудааст, таъмиру рангмолӣ карданд.

Ин ёдгорӣ аз даврони набарди қаҳрамононаи мардуми шӯравӣ ҳамасола пеш аз ҷашни Ғалаба таъмиру поккорӣ ва гирду атрофаш тозаву озода гардонида мешавад.

1/2

Пояи ёдгории таърихии танки ИС-2 дар Душанбе охири солҳои 80-уми асри гузашта ба муносибати 42-юмин солгарди Ғалаба бо дархости иштирокчиёни ҷабҳаи набард, собиқадорони ҷангу меҳнат гузошта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.