Санаи саҳеҳи оғози моҳи шарифи Рамазонро Шӯрои уламои Тоҷикистон санаи 1 май эълон мекунад.

Пешакӣ оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон санаи 6 май гуфта шудааст.

“Барои муайян кардани санаи саҳеҳи оғози моҳи Рамазон мушоҳидаи гардиши Моҳтоб зарур аст. Санаи саҳеҳ рӯзи 1 май дар маҷлиси умумии Шӯрои уламо эълон гардида, дар васоити ахбори умум хабар дода мешавад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Дар ин маҷлис ҳамчунин рӯзи аввалини намози таровеҳ ва маблағи закот муайян шуда, гурӯҳи шахсоне, ки рӯза гирифтанашон ҳатмӣ нест, зикр мешаванд.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта ин моҳ санаи 16 май оғоз гардида буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.