Ба қарибӣ нашриёти «Бухоро» китоберо бо номи «Дар миёни мавҷҳо» ба нашр расонид, ки  аз рӯзгори пурмоҷаро ва сахту пурошӯби чанд тан аз зиёиёни тоҷик дар садаи 19 ва солҳои 30-юми асри 20 ҳикоят мекунад.

Номаи мазкур ёддоштӣ буда, дар асоси далелҳои муътамади воқеӣ ва диду боздидҳои муаллифи он омӯзгори собиқадор Абдумалик Ҳомидов  (1928-2011) таълиф шудааст. Абдумалик Ҳомидов писари Ҳафизхон махсум, абераи Қории Ҳисорӣ  - ҳаттоти машҳури  Осиёи Миёна дар садаи XVIII-мелодист. Ӯ дар шаҳри Конибодом, дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омада, аз кӯдакӣ ҳамроҳи хонавода солҳои дароз дар бадарға будааст.

Ҳафизхон махсум ҳамчун намояндаи авлодони бузурги худ, тамоми донишу ғайрати замонавии худро барои тарбияи шогирдони ба ному номусро тарбия кардаанд.

Он кас маълумоти ибтидоии худро дар шаҳрҳои Марғелону Қӯқанд гирифта, мадрасаи Бухороро хатм намуданд. Бо Садриддин Айнӣ дӯстигарӣ доштаанд. Забонҳои арабиву форсиро хуб омӯхта буданд. Академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов он касро Аҳмад Махдум Дониши Конибодом гуфта аз қобили  тарафдори илму маърифати баланд эътироф кардаанд. Азбаски давру замон тағир ёфта, солҳои 30 – 40 ми асри XX, дар зери таъқиби ноҳақ  гирифтор намуда, тамоми давлаташонро мусодира намуда, бе хонаву дар мононда, аз Конибодом ба тарафи Қафкоз бадарға карда буданд. Бо шарофати Юлдош Охунбобоев - Якумин Раиси КМИ-  РСС Ӯзбекистон, онҳоро дар Тошкент мононда, пас ба вилояти Самарқанд равона карданд.

Пас аз оворагиҳои зиёде бо маслиҳати Садридин Айнӣ, ки бо Ҳафизхон махсум дар Бухоро таҳсил кардаанд, ба Сталинообод равона мешаванд. Дар   ниҳоят онҳо дар диёри бобоии хеш  Қории Ҳисорӣ ва гузаштагони дур, деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ, макон гирифта, акнун нафаси осӯда кашидан мехоҳанд, ки марги Ҳафизхон махсум  чун санги бузурге ба сари хонавода зарба мезанад. Соли 1939 ба синни 53 қадам гузошта, дар  Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ аз  беморӣ вафот ва   ҳамон ҷо ба қабр супорида шудаанд. Хонаводаи ӯ мисли садҳо, ҳазорҳо хонаводаҳои равшанфикру аҳли маърифат гирифтори туҳмат гардида, ҳамчун сарватманд ва душмани халқ маҳкум шуда буд. Фишори замона ва сиёсати ғаразнок намегузошт, ки илму маърифат нумӯ кунад ва ҷомеа ҳоли накӯ бирасад.

Баъдтар соли 1941 ҷанги хонумонсӯз оғоз мешавад ва олами акнун ба шафақи умед рангингаштаи навраси ятиммонда, дар паси дуду абр ва нокомиҳои ҷанг аз нав торик мегардад.

Баъди сафед шудани Ҳафизхон махсум, писари 11 сола – Абдумалик бо хоҳарони хурдсоли худ ва модари меҳрубон дар минтақаи мадрасаи Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар хонаву дари мардум зиндагӣ ба сар мебаранд. Пас аз муддати муайян  имкон пайдо намуда, маълумоти миёнаи нопурра мегирад. Аммо ҷавони 14-сола комилан худро ба меҳнат бахшида, дар қатори калонсолон шабу рӯз заҳмат мекашад. Дар  мактаб аз фаннҳои забон, адабиёт, таърих ва дақиқ дарс медиҳад. Фурӯғи зиндагӣ барояш хеле бори гаронест, аммо ҳузури модар, хоҳарони хурдсол ва дӯстону афроди дигари беғаразу дилсӯз барояш зӯру мадор мебахшад. Ӯ акнун шогирди мактабест, ки устоди сахтгираш зиндагист ва сабақаш дар ҳар нафас рангу ҳавои тоза мегирад.

Ниҳоят  донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе мегардад. Пас аз хатми донишкада солҳои зиёде ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ фаъолият кардааст. Ӯ ҳамчунин масъулияти сарварии ин гуна муассисаҳоро низ ба уҳда доштааст. Аълочии  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Иттиҳоди Шуравӣ буда, собиқадори меҳнат мебошад. Барои хизматҳои шоистаи меҳнатӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар солҳои 1941-1945 ва баъдиҷангӣ бо ордену медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Абдумалик Ҳомидов
Акс аз бойгонӣ

 Умри дарози бобаракат дида, дар тарбияи фарзандон ва наберагону аберагон саҳм гузоштааст. Соли 2011 олами фониро падруд гуфта, дар паҳлӯи падари бузургвораш ба хок супурда шудааст.

Мероси гузаштагон ба наслҳои оянда

Китоб саргузашти Ҳафизхон махсумро ҳамчун намунаи беҳтарини сабру таҳаммул, бурдборӣ ва шукргузорӣ дар пешгоҳи Худованд ба намоиш мегузорад.

Дар китоб лаҳзаҳои манзаравии дар хотир мондаи Абдумалик Ҳомидов, чун  Мадрасаи Ҳоҷа Рӯшноии Конибодом, Қалъаи Маҳрам, ки ҳоло дар зери баҳри тоҷик мондааст, манзараҳои табиати зебои минтақаҳои Қувасой, Ғаллаарали вилояти Самарқанд, Шаҳрисабзу Тошканд, Сталинободу Ниликон бо ҳаловати хуши зебо шарҳ дода шудааст. Инчунин номи шахсони барӯманди ҳамон давр аз Қорӣ Муҳаммадҷони Марғелониву Юлдош Охунбобоев, ки вазифаи  Якумин Раиси КМИ-  РСС Ӯзбекистон ба ӯҳда дошт, сар карда, то олимони намоён, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Шарифон Ҳусейнзода, кинорежисёр Комил Ярматов дар китоб оварда шудааст.

Хизмати аскарӣ мактаби дигарест, ки  оини ҷавонмардиро ба рӯяш боз мекунад. Пас аз пайдо кардани ҷасорату мардонагии хос Абдумалик  ба зодгоҳ баргашта, аз ёри ҷавону нозанини хеш барои абад ҷудо мегардад. Аммо ин фоҷиа низ иродаи устувори ӯро нашикастааст. Ӯ боз саодати хешро дар меҳнати ҳалол мебинад. Мо ӯро дар миёни мавҷҳои ҳавлангези уқёнуси зиндагӣ мебинем, ки ноумед нашуда, шино мекунаду рӯ ба соҳили умед дорад. Оқибат ӯ ба соҳили умед мерасад. Зиндагии ӯ низ ғуруб наздик мешавад ва давлати пириву саодати рӯзгор ҳамеша бо ӯст, вале рӯзгори талху шӯр ва сарнавишти нофармон барояш хоби даҳшатноки дишабае буд, ки ҳеҷ наметавонист ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад.

Ӯ зиндагии худро таҳлил карда, ба пайвандону ояндагони хеш чунин панд медиҳад: «Дар ин достони кӯтоҳи зиндагии банда лаҳзаҳое ҷой доранд, ки гоҳ ба ман хоссанду гоҳ ба дигарон. Кӯҳ ба кӯҳ гаштаму нони серӣ нахӯрдам, ҷӯ ба ҷӯ гаштаму ҳанӯз ташна будам. Бепадар мондаму ятим гаштам, бемодар шудаму ҳазин. Фироқи ёр кашидаму ғами ҷудоӣ хӯрдам, гумон кардам, ки дигар обе ба баргу шохи ниҳоли умрам намеравад, вале боз бо лутфи Худо решаам об хӯрду баргу шохам кушода гашт, гул кардаму мева бастам. Ин аксҳо, ки рӯйи сафҳа мебинед, баёни ҳоли манест, ки як умр аз меҳнати ҳалоли хеш хӯрдаму чашми тамаъ ба кафи дигарон надӯхтаам. То тавонистам, ба дигарон ёрӣ додаму барои худ танҳо аз Худованд талаб намудаам».

Қории Хисорӣ  ва авлодони  он  кас аз бузургони тоҷикон буда, барои давру замони худ, асрҳои XVII – ХVIII илму маърифати худро равнақу ривоҷ дода, асарҳои он даврро  ба забони модарии худ   ва дигар забонҳо эҷод, китоб Куръони каримро дастнавис  мекардаанд. Ба ин монографияе, ки дар Мамнунгоҳи таърихӣ- мадании Ҳисор (Нашри донишмандони Ҳисор. Барориши I), таҳти  ҳайати таҳририяи  барориш Н.Н. Неъматов, Ш. Абдуллоев, Ф.С. Абдуллоев, М.Н. Забарова, М.Д. Мамаҷонова, М. Шаропов, Р.Р Каримов, З.А. Алиева, соли 1991 дар типографияи Ҳисор нашр гардидааст, шоҳидӣ медиҳад. Ин монография дар натиҷаи устуҷӯ, меҳнат ва  заҳматҳои калони олим ва ватандӯсти Ҷумҳурӣ – Рустам Каримов ба вуҷуд омадааст. Он кас ҳоло нафақахӯр буда, дар ноҳияи Ҳисор умр ба сар бурда истодаанд.

Қории Хисорӣ  пас аз хатми мадрасаи Бухоро ба сайёҳӣ машғул мешаванд. Ба бисёр мамлакатҳо сафар намуда Равияи Намади Ҳиндуиро омӯхта, баъдтар Равияи Зиёвиддин тӯраи Хуҷандиро қабул кардаанд. Ба  дастнависии китобҳо машғул шуда, ҳамчун  ҳаттоти машҳур шинохта мешаванд. Пас дар мадрасаҳои Бухоро,  Масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, Қӯқанд, Марғелон ва  Фарғона мударрисӣ  кардаанд. Шогирдони шинохтаи он кас ба монанди Абдул Ғаффур Махдуми Булбул Хуҷандӣ, Мухаммадҷон Қории Марғелонӣ ва дигарон мебошанд. Дар маҳфили шоирону нависандагони машҳури он давр иштирок карда, якчанд девонҳои шоирони Бухоро, асарҳои шоирони бузурги ҳамон даврро ба монанди Муқимӣ, Муҳии Қӯқандӣ, Мавлавии Йӯлдош  ва дигаронро ба забони форсӣ ва ӯзбекӣ дастнавис кардаанд. Ин гуна дастнависҳои Қорӣ дар шаҳрҳои Бухоро, Хуҷанд, Қӯқанду Фарғона шинохта ва обрӯю эътибори калон доштанд.

Навиштаҷоти он кас ҳамчун  таҳрири хати Ҷалӣ буда, машҳур гашта буданд чун Миралӣ. Баъзе ин дастнависҳо дар осорхонаи адабиёти ба номи Ғафур Ғуломи шаҳри Қӯқанд бо имзои он кас нигоҳ дошта мешаванд. Аксарити ин гуна китобҳо дарёфт карда нашуд, солҳои 30 – 30 асри XX несту нобуд карда шудаанд. Шояд дар дасти шахсони ба мо номаълум бошад. Варақаҳои  дастнависҳои Қории Хисорӣ  бо мӯҳри шахсиашон тасдиқ карда шудааст.


Баътар Қории Хисорӣ  аз Қӯқанд ба Конибодом  меоянд ва дар мадрасаи Хоҷа Рӯшноӣ мударрисӣ мекунанд. Бо шарофати он кас мадраса хело обод гардонида шуда буд.

Дар Энтсиклопедияи Конибодом омадааст: «Мадрасаи Ҳоҷа Рӯшноӣ, ёдгории меъмории асри XVIII, дар  самти ғарибии Конибодоми  он вақта воқеъ гашта буд. Солҳои 1923-1929  хамчун мактаби зинаи дувум дар замони Ҳокимияти Советӣ амал мекард. Охири асри XIX ва XX  роҳбарии ин мадрасаро ҳаттот ва устоди  машҳури хаттӣ - Қорӣ Абдулатифи Ҳисорӣ ба ӯҳда дошт. Пас аз вафоти Қорӣ Абдулатифи Ҳисорӣ писари он кас Ҳафизхон махсум ин мадрасаро роҳбарӣ мекунанд. Ин ҷо даҳҳо толибилмон ба монанди Бобоҷон Ниёзмухаммедов - Академики Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, Шарифҷон Ҳусейнзода- профессор, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, Комил Ярматов, артисти халқии  Иттиҳоди Шӯравӣ, кинорежиссер, асосгузори   киностудияҳои Тоҷикфилм ва Ӯзбекфилм ва ғайраҳо таҳсил кардаанд.

Ҳоло аз он мадраса ғайр аз манора чизи дигаре боқӣ намондааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар канори мадраса ҳуҷраҳои дарсхонаҳо, ҳавз ва манора мавҷуд буд. Замини (вақфи) мадраса то як километр тӯл мекашид. Соли 1925 замини вақфи мадрасаро ба сохтмони комбинати консервабарорӣ доданд. Ба ҷои мадраса омӯзишгоҳ сохта шуда, дар  дохили бинои он манораи номбаршуда нигоҳ дошта шудааст.»

Қории Хисорӣ   соли 1884 вафот карда, дар оромгоҳи собиқ мадрасаи Хӯҷа Рӯшноӣ, ки ба ҳавлии Литсеи касби техникии №50 (пештара омӯзишгоҳи касбӣ техникии №8) шаҳри Конибодом  дуруст меояд, ба хок супорида шудаанд. Муҳии Қӯқандӣ, ки аслан аз Қандаҳори Афғонистон мебошанд, нисбати вафоти Қории Хисорӣ   марсияе менависанд, ки он дар осорхонаи адабиёти ба номи Ғафур Ғуломи шаҳри Қӯқанд нигоҳ дошта шудааст.

Ҳифзи мерос   

Пас аз Қории Ҳисорӣ обрӯю эътибори он касро фарзандашон Абдулҳамид ва набераашон Абдулҳафиз ва Абдумалик Ҳомидов давом медиҳанд.

Чунин буд, ки соли  2011 хотира ва маълумотҳои аз Абдумалик Ҳомидов  дарёфткардаро пайдо намуда, барои барқарор сохтани бузургии авлод, фарзандони он кас ғайрат намудаанд. Аз ҷумла бо кӯшишу заҳмати Мубин Ҳомидов - чабераи Қории Ҳисорӣ дастнависи Абдумалик Ҳомидов ба нашр тайёр карда шуда, китоб ба номи «Дар миёни мавҷҳо» бароварда шуд.


Барои таҳрир ва ороиши китоб хизматҳои беҳамтои донишмандони маъруф профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова Ирина Холовна, академикҳо Акбар Турсун, Холиқов Ҷӯрабой ва  корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маъорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддин Аммони ва ҷияни марҳум, духтур Нарзуллоева Зеборо қайд кардан зарур аст.

Замонҳое буданд, ки сокинони маърифати  минтақаҳои Шимол омада, дар Хатлону Бадахшон  бо илму таҷрибаву таърихи худ мубодила мекарданд. Ба онҳо ташаккур мегӯем. Таърих  дар китоби мазкур нишон медиҳад, ки ҳолатҳои баракси ҳаёт низ буданд. Мардуми бомаърифати   Хатлону  Бадахшон бисёр буданд ва то ҳоло ҳастанд. Ва онҳо барои баланд бардоштани маърифати ҷамъият ва пешравии давлат кӯшишҳои беҳамто мекунанд. Бигузор ҳар фарди ватанпарасти мо барои баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии фарзандони худ ҳаракат кунад.

Ҳамин буд таърихи 200-300 солаи авлодони Қории Ҳисорӣ ва Ҳомидовҳо, ҳамчун  мударрисони машҳури фаромӯш шудаву барқароршудаи давру замони худ. Зинда кардани хотираи родмардоне, ки дар барқарор намудани рӯзгори осуда тавассути меҳнати ҳалолу фидокорона саҳм гузоштаанд, барои мо кори савобе хоҳад буд.  Ба хусус, ки имсол соли рушди сайёҳиву эҳёи ҳунарҳои мардумист, мо кӯшиш кардем, то зимни ҳикояти мавзӯъ шинохти асолати миллии хеш ва макону замонро низ мавриди эътибор қарор бидиҳем. Чуноне ки аз Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 омадааст : «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати кӯҳанбунёдамон муносибат намоем.

Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».