Вилям Шекспир зиндагиро ба саҳнаи театр ва инсонҳоро ба санъаткороне, ки рӯи он нақш мебозанд, ташбеҳ дода буд. Дар ҳақиқат ҳам мардуми аксари кишварҳои ҷаҳон театрро саҳнаи зиндагӣ мешуморанду аз намоишҳои он донишу маърифат меомӯзанд. Барои онҳо театр макони муқаддасест, ки барои рафтан ба он ҷо ҳеҷ чиз монеа шуда наметавонад. Онҳо аз саҳнаҳои театр маънои зиндагии худро меҷӯянд ва роҳи ҳалли мушкилашонро дармеёбанд. Мутаассифона, имрӯз мардуми мо ба тамошои намоишҳои театрӣ завқманд нестанд. Агар чиптаи театрро барояшон ройгон ҳам бидиҳанд, онҳо намераванд.

Чаро сол то сол завқи мардум коста гардида, онҳо беш аз пеш аз театр ва дигар марказҳои маданӣ канораҷӯӣ мекунанд? Ба суоли мо ки чаро ҷавонон ба театр намераванд ва вақти бештари худро ба чӣ сарф мекунанд, Баҳодур Сироҷиддинов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин посух дод:

- Ман чандин маротиба чиптаи театрро харидаам, дар донишгоҳ моро маҷбур мекунанд, ки онҳоро харида, ба театр равем. Вале ман боре нарафтааму шавқе ҳам надорам. –Чаро намеравед? – мепурсам аз ӯ. – Ба ман писанд нест. Ман ҳайрон шуда боз кунҷковӣ намудам: -Модоме, ки боре нарафтаеду аз ин намуди санъат хабардор нестед, пас чаро ба хулоса омадед, ки он бароятон писанд нест? Барои қазоват намудани чизе ақаллан боре онро аз назар гузарондан даркор аст-ку? Ҳамсуҳбатам китф дарҳам кашиду чизе нагуфт.

Гуруҳе театрро моли Аврупо ва барои мардуми мо бегона меҳисобанд. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, аслан санъати театриро аврупоиҳо ба сарзамини мо овардаанд. Вале бо мурури замон ба туфайли заҳматҳои драманависону ҳунармандони тоҷик ин намуди санъат дар кишвари мо рушд карда, ба як ҷузъи ҳаёти мардум табдил ёфт. Имрӯз театр як ҷузъи муҳими фарҳанги мо гардидааст. Дар замони шӯравӣ толорҳои театрҳо пур аз тамошобинон буданду ғизои маънавие, ки намоишномаҳои театрӣ мебахшиданд, на камтар аз китобу синамо ва суруду мусиқии дилангез буд.

Иддае бар он ақидаанд, ки пешрафти техника ва технологияи муосир мардумро аз театр дур кардааст. Яъне филмҳову намоишномаҳои гуногун тариқи дигар навъҳои расонаҳо, ба мисли телевизиону радио ва интернет барояшон дастрас асту ба театр рафтанро ташвиши барзиёд арзёбӣ мекунанд.

Мадина Худойқулова, донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон сабаби ба театр нарафтани ҳамсолонашро дар он мебинад, ки имрӯзҳо дар театрҳо намоишҳои ҷолиб кам нишон медиҳанд. Ӯ мегӯяд баъзе мавзуъҳои намоишномаҳо душворфаҳм ва дилбазан мебошанд, ки шавқу завқи бинандаи ҷавонро бедор карда наметавонанд. Дар баробари ин намоишномаҳои ҷолибу пурмазмун низ ҳастанд, ки метавонанд дар тарбияи ахлоқии насли ҷавон мусоидат намоянд, - суханашро идома дода гуфт Мадина. – Дар театр нишастан ба кас ҳаловати дигари маънавӣ мебахшад. Тамошои намоишнома тавассути телевизион асло он таассуротеро бахшида наметавонад, ки аз саҳнаи зиндаи театр, дар ҳолати рӯбарӯ бо ҳунарманд мегирем.


- Меҳри театр ва умуман санъат дар дили шахс бояд ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ҷой карда шавад, зеро миллате, ки аз фарҳанг, адабиёт ва санъат дур мешавад, бақо надорад. Ҳар халқе, ки худашро эҳтиром мекунад, бояд театри худро дошта бошад, вале имрӯз  толорҳои театрро холӣ ва мардумро дар ниҳояти бетафовутӣ нисбат ба ин санъати асил дидан хеле таассуфовар аст, - мегӯяд омӯзгор Насиба Абдураҳмонова.

Як сабаби ба театр таваҷҷуҳи кам доштани мардум дар он аст, ки он дар ҷомеаи имрӯза ба таври бояду шояд тарғибу ташвиқ намешавад. Ва ҳатто агар бигӯем, ки умуман тарғиб намешавад, хато намекунем. Масалан, як барномаи консертии як сарояндаи аз санъати асил фарсахҳо дур ва сарватманд чанд рӯз паиҳам тавассути воситаҳои ахбори омма ва дар роҳу хиёбонҳо ба таври васеъ таблиғ мешавад. Эълони намоишномаҳои театр бошад, танҳо дар назди бинои театр ба назар мерасанду халос. Ба замми ин, биноҳои театр куҳнаву фарсудаанду ҳунармандон маоши ночиз мегиранд, ки ба пешрафти фаъолияти онҳо бетаъсир намемонад. Ҳол он ки бояд театр бо истифодаи беҳтарин намунаҳои санъати меъморӣ сохта шуда, аз дигар биноҳои маъмурӣ ба куллӣ тафовут дошта бошад. Намоишномаҳои он бошанд, тавассути ҳама намудҳои васоити ахбори омма таблиғ шаванд.

Чаро дар замони шуравӣ театру кино макони дӯстдоштаи ҷавонон буду имрӯз дар ниҳоди аксари ҷавонони мо ин ҳама шуру шавқ мурдааст?

Гуруҳе аз ҷавонон сабаби аз театр дур шудани мардумро вазъи душвору рӯзгори вазнин арзёбӣ менамоянд. Онҳо мегӯянд, дар замони шуравӣ мардум рӯзгори осуда доштанду ҳама сериву пурӣ буд ва онҳо бо хотири ҷамъ ба театр мерафтанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро мардум барои тамошои консертҳои «ситораҳои навбаромад»- и эстрада ва барномаҳои ҳаҷвии каммазмуну сабук маблағи калон пардохта, чипта мехаранду барои театр маблағ намеёбанд? Ин дар ҳолест, ки нархи чиптаи театр бамаротиб аз нархи консертҳо арзонтар аст. Бешубҳа, ин ба ҷуз аз нишонаи завқи пасти мардум чизи дигаре нест. Боиси таассуф ва нигаронист, ки аксари мардум, хоса ҷавонон хубро аз нохуб ва сараро аз носара ҷудо карда наметавонанд. Ва агар мабодо онҳоро бо роҳи зурӣ ба саҳнаи театр ҷалб созанд ҳам, онҳо дар толор нишаста аз кучактарин одоби рафтору амал бехабар буданашонро нишон медиҳанд. Ҳангоми тамошои саҳна баланд гап мезананд ё механданд, ба фарқи байни мазҳакаву фоҷеа намераванду ҳангоми фоҷеа низ механданд ва ё намоишнома ба охир нарасида аз толор баромада мераванд.

Ба андешаи ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир театр барои мардуми маърифаташон баланд, яъне мардуми асилзода ва тарбиятдида аст. Ба театр рафтану донистани қоидаҳои будубош дар толорҳои театр ҳунару истеъдоди хосаро тақозо мекунад. Бешак, театр ҷойи аҳли завқу дарк аст, на ҷойи бехабарон.