Намояндагони Кумитаи дини ҷумҳурӣ дар баъзе ноҳияҳои кишвар дар ҷашни Иди Қурбон рейдҳо мегузаронанд. Вазифаи онҳо - санҷиши андоза ва чӣ гуна оро дода шудани дастурхони идона дар хонаҳои сокинони кишвар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи ҷашни Иди Қурбонро эълон намуд. Имсол он ба санаи 11 август рост меояд.

Бино ба гуфтаи Афшин муқим, қаблан Кумита шаҳрвандонро огоҳ карда буд, ки дастурхонҳо дар ид хоксорона ороста шаванд, вагарна онҳоро 5 ҳазор сомонӣ ҷарима интизор аст.

“Андозаи дастурхон маҳдуд нашудааст, лекин он бояд хоксорона бошад, чунки дар дини мо исфрофкорӣ қобили қабул нест”, - хотиррасон кард ӯ.

Қаблан зикр шуда буд, ки рӯи дастурхон бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта шуда бошад. Хушкмева ҳам гузоштан боке надорад, лекин набояд хеле зиёд бошад.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат - шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад. Ҳамин тариқ, имсол се рӯз пайдарпай - 10, 11 ва 12 август рӯзҳои истироҳат мешаванд.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд.

Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Қонун чӣ муқаррар кардаасту ҳуқуқшиносон чӣ мегӯянд?

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2017 ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”тағйирот ворид шуда, ба аҳолӣ тавсия дода шуд, ки дар рӯзи ҷашнҳои Иди Рамазону Қурбон ба исрофкорӣ роҳ надода, дастурхони хоксорона ороянд.

Дар ширкати ҳомии ҳуқуқи “Ҳимоя” хотиррасон намуданд, ки дастурхонҳои хоксорона дар моддаи 7, қ. 4 Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” зикр шудааст, лекин мувофиқи қонунгузорӣ, кормандони Кумита ба даромадан ба хонаҳои шаҳрвандон ваколат надоранд.

Хоксорӣ зеби инсон аст

Соли гузашта ҳайати кормандони “Азия-Плюс” озмоише гузаронида, дастурхони андозааш 1х1,5 метрро барои иду пешвози меҳмонон оростанд. Дар рӯи гилем бо андозаи муқарраршудаи Кумита (1х1,5 метр) дастурхон ороста, рӯи он шириниҳову ҳар гуна нуқлу наво гузоштанд. Дастурхони хубе шуд. Барои оростани чунин дастурхон дар соли 2018 мо 230 сомонӣ маблағ харҷ кардем.


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.