Ситораҳои эстрадаи тоҷику ӯзбек Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова рӯзи 11 август дар шаҳри Хуҷанд консерт медиҳанд. Дар ин бора Шабнами Сурайё дар Instagram ба ҳаводоронаш хабар додааст.

Консерти муштараки ситораҳо дар тарабхонаи “Равшан” дар шаҳри Хуҷанд соти 19:00-и шом оғоз мегардад.


Қаблан сарояндагони маҳбуб Юлдуз Усмонова ва Шабнами Сурайё ҳамроҳ сурудеро бо номи “Таролла Далли” иҷро ва сабт карданд. Мусиқӣ ба сурудро Юлдуз эҷод кард.

“Ин деринтизортарин дуэти мо бо Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек мӯҳтарама Юлдуз Усмонова мебошад. Барои ман боиси фахр ва хушнудист, ки бо чунин шахсияти зебову эҷодкор суруд сароидам. Худо кунад, ки чунин лоиҳаҳо дар оянда зиёд шаванд”,-навишта буд Шабнами Сурайё.

Тарона дар канали овозхони тоҷик дар шабакаи YouTube нашр гардида, лекин клипи он алҳол наворбардорӣ нашудааст. То имрӯз таронаро қариб 3 млн. нафар тамошо кардаанд.

Қисмате аз таронаро Юлдуз Усмонова бо забони ӯзбекӣ ва қисмати дигарро Шабнами Сурайё бо забони тоҷикӣ месароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.