Имрӯз, 6 август мо бозор рафтем, то ки бифаҳмем, ки пеш аз Иди Қурбон нархҳо ба болоравӣ оғоз кардаанд ё на, зеро тибқи одати маъмулӣ, фурӯшандагон аз фарорасии Идҳо истифода бурда, сунъӣ нархро боло мебаранд.

Дар инфографика бо маълумоти бадастовардаи мо шинос шуда метавонед. Нархҳо ба сурати умум ба таври назаррас боло нарафтаанд. Иди Қурбонро дар Тоҷикистон санаи 11 август ҷашн мегиранд.


Ногуфта намонад, намояндагони Кумитаи дин имсол ният доранд, ки ба рейдҳо бароянд, то ки андозаву тарзи орои дастурхони идонаи сокинонро бисанҷанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.