Бинокорони иншоот баҳри дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани корҳои сохтмон имрӯзҳо шабонарӯзӣ кор мекунанд. Масҷид дар рӯзҳои ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумат.

Дар як вақт дар ин масҷид наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо дастгирии бевоситаи президенти Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд,  амалӣ мешавад.

Сохтмони масҷид дар минтақаи шимоли Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, муддати 8 сол идома дорад. Нархи амалисозии лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ мешавад: 30 млн. доллар ҳукумати Тоҷикистон ва боқимонда маблағро ҳукумати Қатар ҷудо намуд.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор адад автомашина иборат хоҳад буд. Масҷид дорои 4 манораи баландиаш 75-метра, гумбази асосии 47-метра ва 20 манораи хурд мебошад.

Дар назар аст, ки ин масҷид дар Душанбе яке аз иншооти оливу боҳашамати меъмории кишвар, ҳамчунин иншооти бузургтарини динӣ шавад, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Айни замон дар иншооти мазкур беш аз 600 нафар мутахассисон аз Тоҷикистон ва хориҷи кишвар машғули коранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.