Нахустин дар таърихи кишвар автобуси дуошёна ба роҳҳои шаҳри Душанбе баромад. Автобус дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «AKIA AVESTO» банду баст шуда, аллакай ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ мекунад.

Автобусҳои дуошёнаи «AKIA» бо хатсайрҳои махсуси ҷойҳое, ки ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии шаҳри Душанберо фаро мегиранд, ҳаракат хоҳанд кард.

“Ҳадафи мо беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ ба сайёҳони Душанбе то сатҳи шаҳрҳои Лондону Париж, Мадриду Токио ва ғайр мебошад, изҳор доштааст ба АМИТ “Ховар” раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Нуъмон Абдуғаффорзода.

Автобуси нави дуошёна муддати се рӯз - аз 8 то 10 август ба меҳмонони Форум ва Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019” хизматрасонӣ мекунад.

Дар ин чорабиниҳо намояндагони филиалҳои соҳавии кишварҳои шарик, созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии сайҳёӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, иттиҳодияҳо ва ҳамчунин коршиносони байнулмилалӣ аз 25 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.

Дар доираи кори форум имзои беш аз 30 санадҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ дар назар аст. Аз Форум ва Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019” беш аз 400 нафар боздид мекунанд.

Иштирокчиёни чорабиниҳо имрӯз ба Вархзобу Норак ва Ҳисор рафта, автобуси дуошёна дар Душанбе меҳмононро ба боғи Куруши Кабир мебарад, ки шомгоҳон дар он ҷо маросими ифтитоҳи Форум ва намоишгоҳ доир мегардад.

Рӯзҳои минбаъда автобуси дуошёна ба иштирокчиёну меҳмонони чорабинӣ дар тамошо ва сайругашти шаҳри Душанбе хизматгузорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.