Тадқиқотҳои аз ҷониби иттиҳодияҳои варзишӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки духтарони тоҷик камтар аз ҳама миллатҳои дигар ба навъҳои варзиши сабук таваҷҷуҳ доранд.

Зинатгул, як ҷавонзани деҳоти кӯҳистон аст, ки 28 сол дорад. Ӯ ҳанӯз аз хурдсолӣ орзуи шиновар шуданро дар дил мепарварид. Аммо волидонаш мухолифи ин раъйи ӯ баромаданд. Чун онҳо ба бар кардани либоси варзиширо барои духтари худ номуносиб ва берун аз одоб мешумориданд. Зинатгул гоҳ-гоҳе ҳамроҳи фарзандонаш ба соҳили кӯли зебои маркази шаҳр омада, бо ҳамон либоси тобистонаи ба бардоштааш ба об медарояд ва то ҷое орзуҳои кӯдакиашро амалӣ мегардонад.

- Дар кӯдакӣ дар кӯлу дарёчаҳои атрофи деҳаамон зиёд оббозӣ мекардам ва шиновариро хуб балад ҳастам. Орзу доштам, ки ба мактаби олии варзишӣ дохил шуда, дар чорабиниҳои варзишии дохилу хориҷи кишвар иштирок намоям, аммо падар ва бародаронам садди роҳам шуда, қатъиян изҳор доштанд, ки: “моро шарманда накун, ин навъи варзиш барои духтарон нест...” - мегӯяд Зинатгул.

Воқеан, дар Тоҷикистон шиноварӣ ба як навъи варзиши “мардона” табдил ёфтааст. Шумори духтароне, ки дар ин ришта тамрин мекунанд, ангуштшумор асту аксари чунин духтарон намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла аз оилаҳои русзабонанд. Тавре иттилоъ пайдо намудем, айни ҳол дар Тоҷикистон мактаби махсуси шиноварӣ барои кӯдакону наврасон фаъолият мекунад, ки аз 120 хонандаи он танҳо 17 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Мураббиёни ин мактаб кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то шиноварии занонаро дар Тоҷикистон аз нав эҳё намоянд.

Тавре Исмоилова Екатерина, мураббии ин мактаб, устоди варзиш оид ба шиноварӣ ба яке аз манбаъҳои хабарӣ иттилоъ додаааст, мушкили асосӣ дар ин самт айни ҳол ба таври бояду шояд риоя нагардидани тартибу қоидаҳои ин навъи варзиш аст:

“Барои шиноварӣ либоси махсус пешбинӣ шудааст. Мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо костюмҳои махсуси ғаввосӣ баромад мекунем. Аксари волидон ба духтарони худ иҷозат намедиҳанд, ки чунин сару либосро ба бар намудаву ба чунин навъи варзиш машғул шаванд. Барои шиноварзанҳо пӯшидани либоси дигаргунаи маҳкаму печида иҷозат дода намешавад.”

Бешубҳа, маҳз ҳамин сару либоси номуносиби шиноварӣ боис гардидааст, ки орзуи аксари духтарони тоҷик танҳо орзу боқӣ бимонад. Ҳамчунин, таҳлилҳо нишон додаанд, ки солҳои охир духтарон ба чунин навъҳои варзиш, аз қабили шиноварӣ, гимнастика ва дар маҷмӯъ ба варзиши сабук хеле кам мароқ зоҳир мекунанд.

Шаҳло Саломов, мураббии варзиш аз минтақаи Рашт мегӯяд: “Мутаассифона, дар маҳалҳо ба варзиш ҷалб намудани духтарон хеле кори мушкил аст. Хосса ба навъи варзиши шиноварӣ хеле кам таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Ба шиноварӣ на танҳо духтарон, балки писаронро бо душворӣ ҷалб мекунем. Имкониятҳо низ барои ҷалби пурраи наврасону ҷавонон низ каме маҳдудтар аст, чун барои дарёфт ва тарбияи 10-20 варзишгари хуб лозим меояд, ки имкониятҳои ҳазорҳо нафарро бисанҷем”.

 Ба андешаи номбурда духтарон аз шиноварӣ ҳазар мекунанд, ҳол он ки ин навъи варзиш хеле зебо, нафис, осону сода ва маҳз барои духтарон аст. Ҳамчунин шиноварӣ барои солимии инсон нисбатан манфиатнок буда, шахсро нерӯманду зебо ва рӯҳбаланд месозад.

Дарвоқеъ, на танҳо миёни духтарон, балки миёни писарон низ нафароне, ки шиновариро ба хубӣ медонанд, ангуштшуморанд. Ин аст, ки воқеаву ҳодисаҳои зиёди ғарқшавии одамон дар кӯлу дарёҳо ба чашм мерасанд, ки аз надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва ҳам надонистани роҳу усулҳои наҷот додани ин гуна афрод рух медиҳанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат, то 9 июли соли 2019 бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 64 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.

Бо мақсади рушди навъҳои варзиши сабук миёни занону духтарон аз ҷониби иттиҳодияҳои варзишии кишвар дурнамои рушди навъҳои варзиши занона таҳия гардидааст. Тибқи ин барнома пешниҳод мегардад, ки барои роҳ ёфтани духтарон ба навъҳои мухталифи варзиш сабукиҳо пешбинӣ карда шуда, ба духтарони деҳот барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии варзишии мамлакат квотаҳо ҷудо карда мешаванд. Аммо ин тадбирҳо ҳанӯз нокифоя буда, дар ин самт амалҳои ҷиддитареро мебояд роҳандозӣ намуд.

Воқеан, шиноварӣ яке аз малакаҳои барои ҳаёти инсон муҳим маҳсуб меёбад. Агар шиноварӣ метавонем, аз чӣ қадар ҳодисаҳои нохуш эмин буда метавонем, агар шиноварӣ метавонем, чӣ қадар ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ карда метавонем, агар шиноварӣ метавонем, ҷони чандин нафарро аз ҳодисаҳои нохуш наҷот дода метавонем, агар шиноварӣ метавонем, кафили солимию бехатарии ҳам худ ҳам дигарон буда метавонем. Агар шиноварӣ метавонем...

Ин аст, ки мутахассисон барои ҳар як фарди солимфикр, чи марду чи зан, омӯхтану донистани ин навъи варзишро тавсия медиҳанд. Хуб мешуд, ки барои боз ҳам рушд додани ин навъи варзиш ва ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон ба он аз ҷониби мақомоти марбута тадбирҳо амалӣ мешуданд, то тавонем бо ин роҳ ҳам насли солиму нерӯмандро ба воя расонему ҳам ҷиҳати рушди яке аз соҳаҳои бисёр муҳиму судманд-варзиши сабук дар дохилу хориҷи кишвар ба дастовардҳои бештар ноил гардем.