«Ман одатан дар бораи он воқеаҳое менависам, ки худ дидаам, ё шунидаам. Кӯшиш мекунам, ки дард ва ҷавҳари онро эҳсос намоям. Агар он дард ва ҷавҳар дошта бошад, барои навиштан меарзад. Агар на, бо забони зеботарин навишта шавад ҳам, хонанда намеёбад», -  мегӯяд Абдуғаффор Абдуҷабборов.

Нависанда ва тарҷумони тоҷик абдуғаффор Абдуҷабборов муаллифи даҳҳо китобу мақолаву очерк ва беш аз ҳафтод резаҳикоя мебошад, муддате пеш китоби дигари худро бо номи “Ҷазираи беном” рӯи чоп овард. Ва ба гуфтаи худи муаллиф, повест идомаи мантиқии қиссаи “ЗооПарк” аст ва бо хоҳиш ва талаби хонандагон идомаи китоб навишта шудааст.  Дар мавриди эҷодиёту фаъолияти адабӣ суҳбате доштем бо худи Абдуғаффор Абдуҷабборов.

- Агар иштибоҳ накунем, охирин китобатон бо номи “Ҷазираи Беном” аз нашр баромад. Каме дар бораи он маълумот медодед?

- Повести “Ҷазираи беном” асари бадеӣ ва маҳсули тахайёли муаллиф аст, ки қаҳрамононаш Эсмералда саргузашти аҷоибу ғароибро аз сар мегузаронанд ва диди шахсии ман, дарки бадеии зиндагии имрӯзаи инсонҳост. Ва онро ба як-ду ҷумла шарҳ додан имконнопазир аст ва аслан повест идомаи мантиқии қиссаи “ЗооПарк” аст.

- Чӣ чизе шуморо водор намуд, ки баъди навиштани повести “Зоопарк” боз “Ҷазираи беном-ро нависед?

- Андешаҳои хонандагон ва тақдири минбаъдаи қаҳрамони асосии “Зоопарк”

- Талаботи хонандагон аст, ки шумо қиссаро идома дода истодаед ё танҳо илҳоми шумо?

- Ҳам ину ҳам он.


- То имрӯз чанд китоби шумо рӯи чоп омадааст?

- Зиёда аз 25 китоби очерку лавҳа, ҳикояҳои хурд, повестҳо ва тарҷумаи асарҳои бадеии сатҳи ҷаҳонӣ ва тарҷумаи китобҳои публисистӣ сиёсии шахсиятҳои машҳури олам.

- Дӯстдоштатарин китоби эҷодкардаи шумо?

- Повестҳои “Барфи охирин”, ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанду дар шаҳрҳои Санкт-Петербург интишор ёфтааст. Боз тарҷумаи романи “Моҳ ва фулус”, ки намунаи олии романнависӣ меҳисобам. Ва ниҳоят як резаҳикояҳоям бо номи “Охирин дарси мазор”, ки ба 12 забони халқҳои олам тарҷума шудааст.

- Чаро маҳз нависанда шудед?

- Ман дар ибтидо мехостам режиссёр шавам, ҳатто замони солҳои охири мактабхонӣ, ҳамроҳи муаллими мактаби бачагонаи техникҳои ҷавон Низом Аҳмадов як мавзеи хурдакакро таҳти унвони “Баҳори Конибодом” ба навор гирифта будем. Номамро дар титрҳо дида, бача, ки будам, бол баровардам...бехабар аз он, ки дар оянда 16 соли риштаи умрам ба фаъолият дар телевизиони Тоҷикистон пайванд асту беш аз якуним ҳазор барномаи телевизионӣ таҳия мекунам. Бо садҳо одамони наҷиби соҳаҳои гуногун, инсонҳои маъруфи кишвар ошноӣ ба миён меояд ва ТВ дар зиндагиву тақдири ман ба як мактаби маънавӣ, мактаби камназири шинохти одаму олам табдил меёбад.

Баъди хатми мактаби миёна хостам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи ҳуқуқшиносӣ супорам, ба хаёлам он ҳавас буд, аммо на, насиб набудааст, собиқаи кории дусола надоштам. Ба тарафи дигари кӯчаи Айнӣ гузаштаму пас аз супоридани имтиҳонҳо донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики ДМТ шудам. Се сол хондам, зоҳиран хуб буд, аммо табъи дил не, кадом олами дигарро ҷустуҷӯ мекардам. Сонӣ имкони олиҷаноб ёфтаму ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград , шаҳри зебою беҳамтои соҳили Нева роҳҳхат гирифтам. Ва дари яке аз мактабҳои бузурги журналистика ба рӯям дунёи нав боз шуд...

Дар фазои телевизион зуд-зуд барномаву сӯҳбатҳо, мусоҳибаҳоям пахш мешуд, вале эҳсоси қаноатмандӣ набуд. Шояд сабаб ҳамин буд, ки оҳиста-оҳиста ба ҷаҳони пуртазоду пурихтилофи адабиёт рӯ овардам, гоҳ-гоҳ ҳикояҳои хурдам чоп мешуданд, баъд ба тарҷумаи ҳикояҳои машҳури адабиёти олам даст задам.

Соли 1993. Айни гирудорҳои нобасомон нахустин маҷмӯаи “Дарёдиламу соҳибназаре пайдо нест” интишор ёфт. Соли 1997 маро ба узвияти Иттифоқи нависандагн гузарониданд ва эҳсос кардам, ки бори масъулияти зиёдеро бар дӯш гирифтаам, якумрӣ...

- Тифливу наврасӣ ва ҷавониятон чӣ тур гузашт, чун баъзе шоирону нависандагон  дар зиндагӣ ранҷ кашидаанд?

- Банда дар оилаи марди дурандеш , деҳқони асил Абдуҷаббор Содиқов - падари бузургворам, ки тамоми умр ҳисобчии бригадаи пахтакорӣ ва санитар фермаи чорводорӣ буданд ва соҳибхоназани меҳрубону дилсӯз Дилбар Кабирова, (ҷояшон ҷаннат бод, онҳо соли 2007 ин дунёро падруд гуфтанд) таваллуд шуда, ба воя расидам. Айёме, ки таътили тобистона фаро мерасид, аввалин коре, ки падарам ба субот мерасониданд, ин буд, ки маро ба мағозаи “Тоҷиккитоб” мубурданд, ба мо ҳама китобҳои дарсӣ, дигар лавозимоти мактабӣ мехариданд ва мегуфтанд: акнун хотирам ҷамъ!...

Мисли садҳо ҳамсолон овони бачагиям бо футболбозӣ маҳфилравӣ, говпоӣ, алафдаравӣ, зардолуғундорию майдонхушкунӣ ва орзупарварӣ гузаштааст. Дар ҳавлӣ зиёда аз 100 мурғ доштем, ҳар бегоҳ як сатил мурғ ҷамъ меовардам. Бо вуҷуди ин шуғли дӯстдоштаам китобхонӣ буд. Падару модари арҷмандам боз як додару се хоҳарамро тарбия карда, соҳибмаълумот карданд ва ман як умр аз онҳо миннатдорам ва мефахрам.


- Он чизе мехостед то имрӯз эҷод кардед?

- Не, ҳанӯз не. Ҳар инсони эҷодкор худро эҳтиром мекунад ва зиндагиро дигаргуна мебинад, ҳақ надорад, ки аз кардаи худ қонеъ бимонад. Вагарна, хаёл кунед, ки ӯ мурда ё як ҷасади берӯҳ аст.

- Ҳоло дар анбор ё кулвори 63-солаатон чӣ доред?

- Русҳо, умуман бисёр халқҳои ҷаҳон як ақида доранд: дар синни 60-солагӣ зиндагӣ аз нав шурӯъ мешавад. Ман ба имрӯзи умри худ аз ҳамин нигоҳ назар меафканам. Ва боз як принсип дорам, ки беш аз сӣ сол боз пайваста ба ёд меораму аз рӯи он амал менамоям.

Камердинери марди аҷиби сотсиализми хаёлӣ Сен Симон ҳар саҳар ба ӯ бо чунин суханон муроҷиат мекард: “Сэр! Бедор шавед, шуморо корҳои бузург дар пеш интизоранд”.

Яъне дар ин давраи зиндагиям қудрати ба таври Лев Николаевич Толстой, ки чилу ду сол дар Ясная Поляна сари оромгоҳаш рост итодааст, аз гардишу тобиш ва бозиҳои зиндагӣ ба ҳайрат омаданро гум накардаам ва орзуву ниятҳои бисёр дорам, ки баҳри фатҳи онҳо мекӯшам.

- Шумо барои кӣ менависед (яъне кадом қишр)?

- Сараввал, аслан барои худ, қонеъ гардонидани талаботи дилу ботинам ва баъд барои хонандагон, ки дар ҳама давру замон хеле нозукбинанд ва асари хубро аз асари сатҳӣ зуд пай бурдаву ҷудо карда метавонанд. Ман аз садҳо нафари онҳо, ки намояндагони наслҳову касбҳои гуногунанд, сипосгузорам.

- Оё боре ҳам аз касби интихобкардаатон пушаймон шудаед?

- На, ҳеҷ вақт эҳсосоӣ пушаймонӣ рӯ назадааст, чунки аз ҳар кардаву ёфтаам ё фатҳи ин ё он қулла хушҳолам ва қуллаи наву баландтареро дида метавонам. Ин дар зиндагии ҳар инсон ниҳоят муҳим аст.

- Ояндаи адабиёти тоҷикро чӣ гуна мебинед ва ба андешаи Шумо, асари мондагоре дар даврони Истиқлолият навишта шудааст?

- Ояндаи адабиёти тоҷик ба муҳиту шароити иҷтимоӣ, муносибати давлатдорон ба адабиёт ва қудрати дарки бадеии зиндагиву тақдири одамон аз ҷониби нависанда вобастагии зич дорад. Мутаассифона, як зумра нависандагони асили насли калонсол аз эҷод дилхаставу дилмонда шудаанд, онҳоро саволи “Барои кӣ?”, “Барои чӣ?” азоб медиҳанд. Бархе бошанд, машҳури замонапарвариву замонасозианд, ки он адабиёт нест. Мо метавонем, ки “асари барҷаста”, “асари рӯимизӣ” гуфта ину онро таъриф кунем, мақолаҳо нависем, худро тасаллӣ диҳем. Вале он ҳама адабиёти асил не, балки фиреби назар асту халос.

Маълумотнома:

Абдуғаффор Абдуҷабборов - нависанда, мутарҷим, драматург, хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳои давлатии Ленинград (Санкт-Петербург, 1979), академики академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи бадеии ҷаҳон “Новая эра”, профессори Донишгоҳи Байналхалқии Таълими Бунёдӣ (2018), доктори фалсафа дар соҳаи адабиёт, узви Иттифоқи рӯзноманигорон (1988), арбобони театр (1990), нависандагони Тоҷикистон (1997), Ассосиатсияи публисистони Тоҷикистон (2007) ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Россия (2013) мебошад.  

Номбурда муаллифи 25 маҷмӯи китоб аст. Баъзе асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ҳиндӣ, немисӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, аварӣ, англисӣ, кореягӣ, беларусӣ, франсузӣ тарҷума шудааст. Пйесаҳояш: “Сӯҳони қазо”, “Масал бигӯ, Эзоп!”, “Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк”, “суруди вопасин” дар театрҳо таҳия гардида, пйесаи “Назаркарда” оид ба фаъолияти камназири сулҳофарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Муаллифи даҳҳо мақолаву очерк, беш аз ҳафтод резаҳикоя, повестҳои “Куҷои ту, ай мақсуди дастнорас?”, “Барфи охирин”, “ЗооПарк”, “Ҷазираи беном”, силсилаи китобҳои “Каприччио” оид ба ҳаёти компазитори барҷаста Толиб Шаҳидӣ буда, даҳҳо асару повестҳои драматургон ва шахсиятҳои машҳури ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Китоби “ЗооПарк”-и  Абдуғаффор Абдуҷаббор соли 2017 дар номинатсияи “Беҳтарин асари насрӣ”, “Китоби сол” эълон гардидааст. Барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публисистони Тоҷикистон аст, бо ордени “Шараф” дараҷаи 2, ордени “Дили данко” (Россия), медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон”, медали тиллоии Донишгоҳи Байналхалқии Таълимӣ Бунёӣ (2014, Санкт-Петербург) сарфароз гардонида шудааст.