Ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушкилиҳое доранд, ки давоми солҳои соҳибистиқололии Тоҷикистон ҳаллу фасли худро намеёбанд. Баъзан барои рушду пешрафти ҷавонон монеаҳои дигар низ эҷод мекунанд. Мо ин мавзӯро бо коршиносон ва ҷавонон баррасӣ кардем, то мушкилиҳои асосии ҷавононро донем ва роҳи ҳалли онро ҷӯё шавем.

Як тараф мушкилиҳо дар  таҳкими тарзи ҳаёти солиму варзиш бошад, аз ҷониби дигар сатҳи маънавиётиу омӯзиш дар шаҳру ноҳияҳо ҷиддияти бештаре тақозо дорад. Дар инҷо фориғболии худи ҷавононро ҳам қайд кардан зарур аст. 

Имомёрбек Имомёрбеков, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки ҳамарӯза бо ҷавонони зиёди шаҳр суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд, ҷавонон низ бо ин ё он мушкилот ба раиси шаҳр ё бевосита ба бахш муроҷиат мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, аксарияии ҷавононписарони шаҳр феълан аз корношоям шудани толорҳои варзишӣ ё набудани чунин толорҳову  майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳо шикоят мекунанд.

“Ҷавонон талаб доранд, ки дар ҳамаи маҳаллаҳо яктогӣ Маркази ҷавонон бошад. Ҷавонон мегӯянд кофӣ аст, ки чунин марказҳо сохта шавад, маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ё Ҳукумати кишвар лозим нест. Ҷавонони шаҳр итминон доранд, ки метавонанд буҷаи марказҳоро ғанӣ гардонанд”- зикр намуд Имомёрбеков.
Имомёрбек Имомёрбеков

Ҷавондухтарони шаҳр асосан аз мушкилии бекорӣ азият мекашанд. Имомёрбеков низ мегӯяд ба ҳалли ин мушкил кӯшида истодаанд, аммо алҳол на ҳамаи ҷавондухтарон соҳиби кор шуда метавонанд.

Муштарӣ Ёрова, ҷавондухтаре аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ мегӯяд мушкили асосии ҷавонон забондонии онҳо аст.

“Мутаассифона, сатҳи забондонии ҷавонони мо хуб нест. Шароит барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ беҳбудии куллиро тақозо мекунад. Дар баъзе ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ ҷавонон ҳатто имконияти омӯзиши забонҳоро надоранд”, - гуфт Муштарӣ Ёрова. 

Ба андешаи ӯ нашъамандӣ ҳам яке аз мушкилоти доғи ҷавонони вилоят аст. Ҳамчунин зӯроварӣ дар оилаву берун аз он низ дар байни ҷавонон мушоҳида мешавад.

“Мутаассифона, қисме аз ҷавононамон аз фарҳангу маънавиёт то ҳадде дур ҳастанд. Масалан, баъди ҷалби ҷавондухтарон ба чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ, бо мақсади боло бурдани нақшашон дар ҷомеа, ҷавонписарон духтаронро мавриди таҳқиру маломат қарор медиҳанд. Онҳо намехоҳанд, то ҷавондухтон ташаббускор бошанд. Духтарони осебдида чунин мушкилиро рӯйпӯш мекунанд”, - афзуд Муштарӣ.

Давлат Асаншоев, ҷавони дигар аз ноҳияи Роштқалъа, низ бар он аст,  бекорӣ аз мушкилоти мубрам дар вилоят аст. Ба андешаи ӯ баъзе ҷавонон худашон аз хонишу бозомӯзӣ сарпечӣ мекунанд ва шавқу ҳавас надоранд.

“Яъне ҷавонписароне ҳастанд, ки баъди хатми мактаби миёна ҳатто парвои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро надоранд. Дар оянда маҳз аз шумули чунин ҷавонон сафи бекорон меафзояд”, -  мегӯяд Давлат Асланшоев.

 

Давлат Аслоншоев

Ӯ низ аз мушкили нарасидани марказҳои варзишӣ дар аксари деҳаҳои ноҳияи Роштқалъа мегӯяд.

- Дар марказҳои ҷамоатҳою навоҳӣ варзишгоҳҳо мавҷуданд, аммо дар аксарияти деҳаҳо ҷавонон аз чунин шароитҳо бархӯрдор нестанд. Имсол зиёда аз ду моҳ дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим, қишлоқи Лангар дар урдугоҳи истироҳатӣ - фароғатӣ бо мактаббачагон кор кардем. Давоми рӯзҳо бо ҷавонони деҳа аз наздик ошноӣ пайдо намудем. Афсӯс ки баъзе ҷавонони деҳаи Лангар ба ҷойи шуғл варзидан ба варзиш, ба одатҳои майхуриву сигоркашӣ бештар одат намуданд. Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама ҷавонони деҳот барои таҳкими зиндагии солим худашон бояд иқдом кунанд, - хулоса намуд Давлат.

Мавод дар доираи барномаи «Рузноманигорони мардумӣ», ки бо дастгирии  Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна - CAMP амалӣ мешавад, омода шудааст.