Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмир дар шоҳқубури воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанде аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе беоб мемонанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, аз соати 23:00 рӯзи 14 август то соати 23:00 15 августи соли 2019 интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Ҳакимзода, Карамов, Фирӯз, С. Ғанӣ,  Б. Ҳамдам, Шаҳрчаи тандурустӣ (Медгородок),  "Боғи Ирам",  микрорайонҳои Гулистон, 11, 12, 13, 14, 15, 15а, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1, Зарафшон 2, Испечак 1, Испечак 2 ва  Испечак 3 қатъ мегардад.

Ҳамчунин кӯчаҳои Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло, Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон 1, Қазоқон 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав низ дар ин муддат беоб мемонанд.

Дар ин робита мақомоти шаҳрдорӣ аз сокиноне, ки дар кӯчаву маҳаллаҳи зикргардида иқомат доранд, дархост мекунад, ки оби нӯшокиро захира намоянд.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.