Роҳбарони ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ҳукумати вилоят санаи 12 август ба ҷамъомади таълимӣ-методии ҳарбӣ даъват шудаанд, ки дар машқгоҳи “Ҷелонди”-и ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод, дар давраи баргузории ҷамъомад, ки пагоҳ, 14 август ба анҷом мерасад, ба раҳбарияти вилоят тарзу воситаҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дар ҳолатҳои зарурӣ омӯзонида мешавад.

“Дар доираи ҷамъомади таълимӣ-методӣ ҳамчунин малакаву маҳорати тирпарронии раҳбарияти вилоят аз автомат ва таппонча санҷида мешавад”, - қайд кард ӯ.

Қаблан бо иштироки раҳбаияти Вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ низ ба ин монанд ҷамъомадҳои таълимӣ-методӣ гузаронида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.