Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан ва ҳамроҳонаш дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд карда шуд, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ширкати мазкур амал менамояд, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷ. Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз ва ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтахассус ҷалб мегарданд.

Гуфта мешавад, намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан зимни баромади худ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки омодаанд ин марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монанд. Ва барои таъмин намудани марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассисони маҳалиро омода созанд.

Сипас, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои бештар изҳори умедворӣ намуда, иброз намуд, ки дар баробари фаъолияти хуби ширкати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омодааст дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷудо намудани маконҳои муносиб барои сохта ва ба истифода додани марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат намояд.