Ширкати ҳавопаймоии Tajik Air анҷоми парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Эрон ва бозгашт аз он барқарор намуд. Парвозҳо бо хатсайри Душанбе - Машҳад - Душанбе ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати ҳавопаймоӣ.

“Дирӯз баъди таваққуфи қариб яксола мо парвози нахустинро тариқи хатсайри Душанбе - Машҳад - Душанбе анҷом додем. Парвозҳо бо ин хатсайр то 26 октябри соли 2019 ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймоҳои тамғаи «Боинг-767» иҷро карда мешаванд, - хабар доданд аз ширкати ҳавопаймоӣ.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳо байни Тоҷикистону Эрон аввали моҳи июн пас аз таваққуфи қариб яксола барқарор шуданд. Санаи 6 июн ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines аввалин парвозро тариқи хатсайри Машҳад - Душанбе - Машҳад ба иҷро расонид. Ба иттилои сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, парвози ҳавопаймоҳои Varesh Airlines бо ин хатсайр ҳафтае як маротиба - рӯзи панҷшанбе сурат мегиранд.

Парвозҳои мунтазамро бо хатсайри Машҳад - Душанбе - Машҳад пеш аз ин ширкати ҳавопаймоии эронии Aseman Airlines иҷро мекард. Охири моҳи сентябри соли 2018 бо ташаббуси ҷониби Эрон парвозҳо қатъ шуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба Эрон ширкати Tajik Air анҷом медод, ки низ бар асари мушкили молиявӣ парвозҳоро қатъ намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.